Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати аз 25 то 49 ҷангии "Давлати исломӣ" дар Нангарҳор


Дар ду ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин алайҳи ҷангиёни содиқ ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, бино ба ҳисоби мақомоти афғону хориҷӣ, аз 25 то 49 тан аз ҷангиён кушта шудаанд. Шумори афзояндаи ҷангиёне, ки ба “Давлати исломӣ” дар Афғонистон байъат супурдаанд, сабаби ҳадафи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико қарор гирифтани онҳо шудааст. Аксари онҳо ифротиёни зодаи Осиёи Марказианд, ки дар пайи амалиёти низомии артиши Покистон дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ ба Афғонистон омада, бо гурӯҳҳои рақиб аз байни ҷангиёни Толибон ҳам забон наёфтаанд. Аҳмад Зиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар рустои Мамддараи улусволии Очин 49 ҷангӣ кушта шуданд. Аммо як мақоми хориҷӣ бидуни бурдани ном шумори кушташудагон дар ин ҳамлаҳоро то 25 нафар баршумурдааст.

XS
SM
MD
LG