Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси қатъномаи Сребренитса дар Шӯрои амният


Қабристони қурбониёни қатли омми Сребренитса

Қабристони қурбониёни қатли омми Сребренитса

Шӯрои амнияти СММ рӯзи 7 июл тарҳи қатъномаеро ба муносибати солгарди 20-ми қатли омми Сребренитса баррасӣ мекунад. Аммо ин тарҳи аз сӯи Бритониё таҳияшуда метавонад ба мухолифати Русияи соҳиби ҳаққи вето рӯбарӯ шавад. Русия дар солҳои ҷанги Балкан аз Сербия ва сербҳои Босния ҳимоят мекард. Дар тарҳи қатънома куштори бераҳмона дар Сребренитса маҳкум ва ба афзоиши талошҳо ҷиҳати аз байн бурдани геносид дар саросари дунё даъват мешавад. Ин қатънома мегӯяд, “ҳамчун геносид пазируфтани рӯйдодҳои фоҷиабори Сребренитса шарти ҳатмии оштист.” Моҳи июли соли 1995 ҷангиёни серб дар Сребренитса тақрибан 8000 марду навраси мусалмонро куштанд. Аммо раҳбарони сербҳои Босния ин қазияро геносид эътироф намекунанд. Пётр Иличёв, муовини сафири Русия дар СММ низ тарҳи қатъномаро “нифоқандоз” номид ва гуфт, ки он танҳо ба як бахши низоъ тамаркуз кардааст. Рӯзи 11 июл дар Боснияву Ҳерзеговина маъракаҳои вижае ба муносибати солгарди 20-уми қатли омми Сребренитса дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG