Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабарҳо, рӯзи 6 июл дар Яман дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ дастикам 176 нафар, бо шумули ҷангиён ва ҳам мардуми мулкӣ ҷон бохтаанд. 6 июл ба ин тартиб пурқурбонитарин рӯзи низои Яман тайи 3 моҳи оғози ҳамлаҳои ҳавоии кишварҳои арабӣ болои сангарҳои ақалияти шиамазҳаби ҳусиҳо дар ин кишвар аст. Хушунатҳои охир дар пасманзари талошҳо барои расидан ба як оташбас байни ҷангиёни ҳусии таҳти ҳимояти Эрон ва ҳукумати сунниҳои Яман, ки ҳоло дар Саудия паноҳ бурдааст, рух дод. СММ талош дорад, то тарафҳоро ба қатъи амалиёти ҳавоӣ ва даргириҳо, ки 26 март сар шуд, моил кунад. Тайи беш аз 3 моҳи амалиёти эътилоф бо ҳадафи гирифтани роҳи пешравии ҳусиҳо аз шимол ба саросари Яман ҳудуди 3000 нафар кушта шуданд. Ҳусиҳо мегӯянд, набарди онҳо алайҳи ҳукумати фасодзада аст. Ҷангиёни маҳаллӣ аммо мегӯянд, манзили худро аз ҳусиҳо ҳимоят мекунанд. Саудия ҳимоят аз давлати Яманро далели бомббори мавқеъҳои ҳусиҳо меномад.

XS
SM
MD
LG