Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб рӯзи 7 июл дар Кобул корвони нирӯҳои НАТО-ро ба ҳадаф дошт. Ба гуфтаи мақомот, ин маргталаб мошини бомбгузоришударо ба самти корвони нирӯҳои НАТО ронда, таркондааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин ҳама қурбониҳое ҳам дошта ё хайр. Ҳамла дар минтақаи Шоҳи Шаҳиди Кобул танҳо дар ин ҳафта алакай ҳамлаи дуюм алайҳи нирӯҳои хориҷӣ дар пойтахти Афғонистон аст. Феълан ҳудуди 9800 срабози Амрико дар Афғонистон боқӣ мемонанд. Дар соли 2001 шумори онҳо қариб 100 000 буд.

XS
SM
MD
LG