Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи нафти Тоҷикистон -- 7,9 миллион тонна


Мақомоти Идораи геологияи тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 7 миллиону 937 ҳазор тонна захираи нафт мавҷуд аст. Ин матлабро Муроди Хол, раиси Идораи геологияи тоҷик рӯзи 7 июл зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Ба гуфтаи раҳбари Идораи геологияи Тоҷикистон, тибқи кофтуковҳои геологӣ дар қаламрави кишвар беш аз 619 миллион метри мукааб газ мавҷуд мебошад. Дар ҳоли ҳозир, барои истихроҷи нафту гази Тоҷикистон ширкатҳои «Газпромнефт»-и Русия ва Tethys Petroleum-и Канада сафарбар шудаанд. Коршиносон мегӯянд, барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон, маблағҳои ҳангуфт зарур аст.

XS
SM
MD
LG