Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон бо пешниҳодҳои нав ба Брюссел меравад


Алексис Тсипрас дар рӯзи раъйпурсии 5 июл

Алексис Тсипрас дар рӯзи раъйпурсии 5 июл

Интизор меравад, сарвазири Юнон Алексис Тсипрас рӯзи 7 июл дар нишасти изтирории минтақаи евро дар Брюссел пешниҳодҳои нав дар бораи бӯҳрони афзояндаи қарзи кишварашро ироа кунад. Нақшаи Тсипрас, бино ба хабарҳо, ботил кардани то 30 дарсад қарзҳои Юнонро дар бар мегирад. Ин пешниҳодҳо дар пайи раъйпурсии рӯзи 5 июл аст, ки дар он аксари сокинони Юнон шартҳои кӯмакҳои молии байналмилалиро рад карданд. Дар ҳоле ки Юнонро ба далели 331 миллиард доллар қарзаш дефолт (варшикастагӣ) таҳдид мекунад, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи 6 июл аз Тсипрас даъват кард, ки ба хотири ҳифзи Юнон дар минтақаи евро “пешниҳодҳои қобили арзёбӣ” ироа кунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 6 июл гуфт, “шартҳо барои ироаи бастаи нави ёриҳои молӣ ба Юнон то ҳол иҷро нашудаанд. Сарвазири Фаронса Мануэл Валлс рӯзи 7 июл гуфт, заминаи муомила бо Афина вуҷуд дорад ва вақте масъала ба бозбинии қарзҳои Юнон баргардад, дар ин масъала ягон мавзӯи табу нест.

XS
SM
MD
LG