Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як зани 40-сола бо гумони даллагӣ


Як зани 40-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони даллагӣ дастгир шудааст. Бино ба хабари нашршуда дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин зан рӯзи 6 июл як марди 21-соларо бо духтари ҷавони 19-сола, ҳарду сокинони шаҳри Хуҷандро “барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 600-сомонӣ гирифтааст. “ Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Моддаи 239-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ташкил ваё нигоҳ доштани фоҳишахона, даллагӣ ва занҷаллобӣ ба ҳайси ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда ваё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG