Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин дар бораи ҷинояти ҷавонони баргашта


Сулаймон Давлатов
Сулаймон Давлатов

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, 64 ҷавоне, ки аз мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргашта буданд, ҷиноят содир кардаанд.

Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 7 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “аз ин теъдод 29 нафарашон ба сабаби узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар зиндонӣ шуданд. Инчунин, 6 нафари онҳо дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд ва 5 нафари дигар узви ҷараёни Салафия мебошанд.” Ба иттилои Давлатов, “айни замон 6 нафари онҳо тавассути Русия ба Сурия рафта, ба сифати муҷоҳид дар амалиёти низомӣ ширкат доранд. Аз ҷумла, як нафар аз онҳо соли 2014 фавтидааст.”

Аммо ба таъкиди раиси Кумитаи дин, аз теъдодии умумии баргаштагон 23 нафарашон хизмати низомиро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон адо мекунанд. Зимнан, ба иттилои Кумитаи дин, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 360 шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд.

XS
SM
MD
LG