Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти атомӣ бо Эрон идома ёфт


Вазирони умури хориҷии қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи 6-уми июл музокироти атомӣ бо Эронро идома доданд. Онҳо гуфтаанд, мехоҳанд, то 7-уми июл ба созиши ниҳоӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон даст ёбанд. Вазирони хориҷии Амрико, Русия, Чину Бритониё ва Олмону Фаронса дар меҳмонхонаи Кобург дар бораи рафъи ихтилофоти боқимонда гуфтӯгу мекунанд. Бар асоси созиш, Эрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти байналмилалӣ бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд намояд. Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 6-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки баъзе аз ихтилофот дар миёни ду тараф боқӣ мондааст. Аз ин пештар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 5-уми июл гуфт, ки дар музокирот пешрафтҳои воқеӣ ҳосил шудааст, вале “чанд масъалаи мушкилтарин боқӣ мондаанд.” Ван Йи, вазири умури хориҷии Чин гуфт, ки “созиши фарогир дар дастрас аст.”

XS
SM
MD
LG