Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарони арманиро пароканда карданд


Маъмурони пулиси Арманистон хиёбони марказии шаҳри Ереванро аз тазоҳургароне, ки бар зидди афзоиши қимати нерӯи барқ эътироз доштанд, холӣ карданд. Хиёбони Баграмиён маҳалли асосии тазоҳуроти дуҳафтаина алайҳи барномаи 16 дар сад боло бурдани қимати нерӯи барқ дар Арманистон буд. Рӯзи 6-уми июл маъмурони пулис сангарҳои тазоҳургаронро вайрон карданд ва худашонро ҳам аз хиёбон берун кашиданд. Ҳаракати нақлиёт дар хиёбон аз сар гирифта шуд. Дар байни маъмурони пулис ва тазоҳургарон кашмакашҳо сурат гирифтааст. Маъмурони пулис баъди он, тазоҳургаронро аз майдон ронданд, ки онҳо гуфтанд, сангарҳояшонро ба назди дафтари раёсати ҷумҳурӣ мебаранд. Тазоҳургарон аз Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон талаб доранд, қарори аз рӯзи 1-уми август боло бурдани қимати барқро беэътибор кунад ва маъмурони пулисеро ҷазо диҳад, ки рӯзи 23 июн зимни тазоҳурот, бо эътирозгарону хабарнигорон дағалӣ карданд.

XS
SM
MD
LG