Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухолифони тоҷик дар Ҳелсинкӣ


Дар ин эътироз 8 нафар иштирок карданд
Дар ин эътироз 8 нафар иштирок карданд

Дар шаҳри Ҳелсинкӣ, пойтахти Финляндия рӯзи 6 июл гурӯҳе аз мухолифони тоҷик намоиши эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътироз, ба гуфтаи Сулаймон Давлатов, як фаъоли созмони “Гурӯҳи 24”, 8 нафар ба намояндагӣ аз Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон иштирок карданд. Давлатов гуфт, ки ин гурӯҳ бо навиштаҷоте дар даст ба нишони эътироз аз ҳукумати Тоҷикистон ва даъват ба истеъфо, озодкунии зиндониҳои сиёсӣ ва хатми фишор болои ҲНИТ дар баробари маҷлисгоҳи парлумони САҲА гирди ҳам омаданд. Дар ин сохтмон рӯзҳои 5 то 9 июл анҷумани навбатии маҷмаи парлумонии САҲА ҷараён мегирад ва дар кори он ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳам ширкат мекунад. Ба гуфтаи Сулаймон Давлатов, нафаре аз ҳайати Тоҷикистон ба назди эътирозгарон набаромад.

“Гурӯҳи 24”, ки се сол пеш аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов дар хориҷа ба унвони як созмони сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуд, соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони як ташаккули экстремистӣ мамнӯъ эълон шуд. Худи Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд. Дар паи ин, бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон, чанд аъзои “Гурӯҳи 24” боздошт ва зиндонӣ шуданд. Дар паи як эътирози мухолифони тоҷик дар шаҳри Берлин моҳи апрели соли 2015 аъзои "Гурӯҳи 24" эълон карданд, ки ҳамроҳ бо чанд ташаккули дигар зери чатри Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон муттаҳид мешаванд.

Охирин хабари марбут ба "Гурӯҳи 24" боздошти Шабнам Худойдодова, як ҳавохоҳи ин созмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар моҳи июни имсол мебошад.

Сулаймон Давлатов, яке аз ташаббускорони ташкили эътирози имрӯза дар Финляндия гуфт, худи ӯ моҳи марти имсол баъди боздошти 35-рӯза аз ҷониби мақомоти ин кишвари аврупоӣ ба озодӣ баромад ва ҳоло мунтазири гирифтани мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар Финляндия мебошад.

XS
SM
MD
LG