Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 қочоқчии афғон дар Дарвозу Фархор


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Дарвоз.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Дарвоз.

Кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикстон соати ёздаҳи шаби якшанбе як сокини вулусволии Дарвози Бадахшони Афғонистонро дар деҳаи Дуробаки Дарвози Тоҷикистон боздошт карданд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 6 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин инҳод аз борхалтаи ин шаҳрванди Афғонистон 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш пайдо карданд. Манбаъ афзуд, дар вақти тафтиши шахсии ӯ, ин шаҳрванди 33-солаи Афғонистон бо номи “М”, аз ҷайбаш таппончаи хориҷиро гирифта худашро парронда захмӣ кардааст. Феълан шаҳрванди боздоштшудаи Афғонистон барои табобат ба беморхонаи шаҳри Хоруғ --маркази Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ интиқол дода шудааст.

Дар ҳодисаи монанд ба ин, шаби гузашта кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи Фархор як шаҳрванди дигари Афғонистонро боздошт карданд, ки ҳамроҳи худ 4 кило ҳашишро мехост вориди хоки Тоҷикистон кунад. Ноҳияи Фархор низ бо вилояти Тахори Афғонистон марзи муштарак дорад ва ҳодисаҳои марзшиканӣ аз сӯи афғонҳо сар ҳар чанд вақт сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG