Пайвандҳои дастрасӣ

Бахши ҲНИТ дар Панҷакент баста шудааст


Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Панҷакент баста шудааст. Сино Ҳасанзода, раиси ин бахш шашуми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди аз ҳисб даст кашидани ӯ ва муовинонаш ин созмон аз фаъолият мондааст. Қаблан Муллоаббос Раҷабзода, раиси ҲНИТ дар Суғд, бо аризаи расмӣ аз қатъ шудани фаъолияти бахши вилоятӣ ва 6 созмони ҲНИТ дар навоҳии ин вилоят хабар дода буд. Сино Ҳасанзода гуфт, онҳо таҳти фишори мақомот дар мавриди фаъолияти соҳибкориаш, ки барои таъмини хонавода машғул мебошад, аз фаъолияти ҳизбӣ даст кашидааст.

XS
SM
MD
LG