Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мина 5 сарбози украиниро кушт


Дар натиҷаи таркиши мина дар шарқи ноороми Украина 5 сарбоз кушта шудаанд ва се нафари дигарашон захм бардоштаанд. Олександр Мотюзаник, сухангӯи артиши Украина, рӯзи 5-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки ҳодиса дар рустои Донетски, 50 километрии ғарби шаҳри Луҳанск ба вуқӯъ пайвастааст. Ин шаҳрро ҷудоиталабони тарафдори Русия дар даст доранд. Баъди имзои созиши оташбас дар моҳи феврал ҷангу даргириҳо миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина камтар шудааст, вале ҳарду тараф якдигарро ба риоят накардани созиш муттаҳам мекунанд. Олександр Мотюзаник гуфт, “авзоъ дар минтақаи муноқиша вазнин боқӣ мемонад. Ҷудоиталабон ҳамлаҳои мусаллаҳонаро идома медиҳанд, вале шиддати ҳуҷумҳо камтар шудааст.” Ӯ афзуд, ки ҷудоиталабон ба камингоҳҳои нерӯҳои давлатӣ дар рустоҳои наздик ба Луҳанск бо тӯпхонаҳо ҳамла кардаанд. Ҷудоиталабон гуфтанд, ки артиши Украина дар зарфи 24 соати гузашта 32 дафъа ба мавзеъҳои онҳо ҳамла кардаанд, вале доир ба талафоте гузориш надоданд.

XS
SM
MD
LG