Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар Қандаҳор се нафарро кушт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи таркиши бомбе дар посгоҳи пулис дар шаҳри Қандаҳор се нафар кушта шудаанд ва 13 тани дигар захм бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомот, таркиш рӯзи 5-уми июл ба вуқӯъ пайваст ва зоҳиран маргталабе, мотосикли бомгузоришудаашро таркондааст. Ҳамла баъди намози шом ва ифтор сурат гирифтааст ва дар натиҷа ду ғайринизомӣ, ва як маъмури пулис ҷон бохтаанд. Аксарияти захмиҳо низ ғайринизомиён будаанд. Толибон пайваста бо бомбгузорӣ ва ҳамла маъмурони пулиси афғон ва хориҷиёнро ҳадаф мегиранд, вале дар ин ҳамлаҳо бисёр вақт мардуми осоишта кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG