Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Ҷон Керрӣ дар бораи музокирот бо Эрон


Ҷон Керрӣ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Вена
Ҷон Керрӣ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Вена

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар музокироти атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон пешрафти воқеъӣ ҳосил шудааст, вале ба қавли ӯ, "тарафҳо ба ҷойи зарурӣ нарасидаанд." Ҷон Керрӣ афзуд, мумкин аст, гуфтугӯҳо натиҷа бидиҳанд ва ё бенатиҷа анҷом ёбанд. Ҷон Керрӣ дар ин бора рӯзи 5-уми июл ва баъд аз 9 рӯзи музокироти атомӣ ва пас аз мулоқот бо Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар шаҳри Вена сухан гуфт. Ҷон Керрӣ афзуд: “Ҳарчанд ман бо Ҷавод Зариф мувофиқам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба ин ҳад ба созиш наздик нашуда будем, вале дар ин ҳол, мумкин аст, музокирот натиҷа бидиҳад ва ё бенатиҷа анҷом ёбад.“ Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш омода аст, дар сурати носозгорӣ аз музокирот даст бикашад. Бино ба гузоришҳо, Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сабуктар кардани таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон ба мувофиқа расидаанд, аммо ҳамчунон дар бораи ошкор кардани ҷанбаҳои фаъолиятҳои атомии Эрон ихтилофи назар доранд.

XS
SM
MD
LG