Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти кадрӣ дар додситонӣ ва Шабакаи аввал


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6 июл дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, оқои Раҳмон бахусус аз онҳое, ки додситони баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар таъин шуданд, хостааст, мубориза бо фасоди молӣ, хариду фурӯши замин, пешгирӣ аз ифротгароиро тақвият бидиҳанд.

Бар асоси ин тағйирот, Шариф Қурбонзода сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар шуда, Маҳмудалӣ Алимардонзода - муовини сарпрокурори ҳарбӣ, Муҳаммадӣ Иззатулло Сайфуллозода, - муовини якуми додситони Суғд, Арабшо Солизода - додситони Хуҷанд, Анвар Раҳмонзода - додситони Исфара, Муҳаммад Арабзода - додситони ноҳияи Айнӣ, Сайфиддин Сироҷзода – додситонӣ ноҳияи Темурмалик, Умедҷон Абдусатторзода - додситони Норак, Маҳмадамин Ҳисориев - досдитони нақлиёти Хатлон, Абдурашид Юсуфзода - додситони ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ва Идибек Собирзода додситони ҳарбии гарнизони Рашт таъин гардидаанд.

Инчунин Айниддини Самариддин, ки то ин вақт директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, муовини роҳбари Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур таъин шуда, ба ҷойи ӯ дар Шабакаи аввал Сӯҳроб Рауфов омадааст. Бахтовар Каримов ба ҷойи Самаруддин Асозода сардабири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” шуда, дувумӣ муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” гардидааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, Назрӣ Шамсмуҳаммад ва Зулфия Одинаева аз вазифаи муовинони вазири нақлиёт озод ва Зулфия Ёрова муовини вазири нақлиёт ва Фаррухҷон Фахруддинов сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин шудаанд.

XS
SM
MD
LG