Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: "Музокирот метавонад ба ҳар роҳ равад"


Ҷон Керрӣ дар Вена, 7 июл
Ҷон Керрӣ дар Вена, 7 июл

5 июл Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико зимни суханронии худ дар Вена гуфт, ки дар музокироти ҳастаии Эрон пешрафти воқеӣ ба даст омадааст, вале “мо дар марҳилае қарор надорем, ки бояд дар он бошем” ва музокирот метавонад ба ҳар роҳ биравад.

Ҷон Керрӣ ба хабарнигорон гуфт, “ҳоло вақти он расидааст, ки оё мо метавонем ба созиш наздик шавем”. Вай ин суханонро баъд аз панҷ рӯзи музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена-пойтахти Австрия баён доршт.

Вай гуфт, агар дар музокирот созиши комил ба даст наояд, Амрико омода аст онро тарк кунад.Бино ба гузоришҳо, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши таҳримҳои зидди Эрон ба баъзе пешрафтҳо ноил шудаанд, вале роҷеъ ба мавзӯъҳое, аз қабили пешинаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ихтилофи назарҳо боқӣ мондааст.

Пештар ҳайатҳои музокира гуфтанд, ки онҳо роҷеъ ба боздоштани таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пешакӣ ба созиш расидаанд.

Вале шаш қудрати ҷаҳонии ширкаткунандаи музокирот бояд дар бораи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ ба тавофуқ бирасанд. Ин қатънома лағви таҳримҳоро пешбинӣ мекунад, вале дар сурати риоят накрдани шарту шароити он кишварҳои ғарбӣ метавонанд дубора таҳримҳоро ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG