Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи зиёрати Буддо дар Тоҷикистон боло рафт


Зиёрати ҳайкали хобидаи Буддо дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, ки бо 14 метр дарозӣ аз дарозтарин чунин навъи ҳайкали қадимӣ дар ҷаҳон дониста мешавад, барои сайёҳони хориҷӣ 50 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. То кунун тамошои ин ҳайкал барои сокинони кишвар то 10 сомонӣ ва барои хориҷиён то 20 сомонӣ арзиш дошт.

Масъулони Осорхонаи миллии бостоншиносӣ мегӯянд, боло бурдани нархи билети тамошои "Буддо дар ҳолати нирвана" ба хотири беҳтар кардани шароити нигаҳдошти ин ёдгории беназири таърихӣ аст. Як масъули ин осорхона ба Радиои Озодӣ гуфт, "нигаҳдории осорҳои таърихӣ дар баробари ҳайкали Буддо осон нест. Якум, бояд амнияти онҳо таъмин шавад ва пайваста посбонҳо бояд таъмин бошанд. Дувум, дастгоҳҳои хоси равшанидиҳӣ ва ҳаворо мӯътадил нигаҳ доштан ҳамеша бояд фаъол бошанд. Агар ба ин шева осорҳои таърихӣ ба хусус, ҳайкали Буддо нигаҳдорӣ нашавад, он сифати худро метавонад, оҳиста-оҳиста гум кунад."

Ҳайкали “Буддо дар ҳолати нирвана”, аз қадимтарин як чунин навъи ҳайкал аст, ки соле то панҷ ҳазор нафар онро аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон тамошо мекунанд. Соли 2001 пас аз оне, ки Толибон чунин навъи ҳайкалро дар Бомиёни Афғонистон таркониданд, сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо сарфи 30 000 доллар ин ҳайкалро бозсозӣ карда буд. Ин пайкараи чандҳазорсоларо, соли 1966 дар ҷануби Тоҷикистон, аз мавзеи “Аҷинатеппа”-и Қӯрғонтеппа пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG