Пайвандҳои дастрасӣ

Progress M-28M ба Истгоҳи байналмиллалӣ васл шуд


Progress M-28M пеш аз партоб аз Байконур

Progress M-28M пеш аз партоб аз Байконур

Киштии борбари кайҳонии Русия Progress M-28M бо муваффақият ба Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ баъд за чанд талоши ноком васл шуд. Дар ин бора Ожонси федеролии кайҳонии Русия дар изҳороте 5 июл хабар дод.

Ин киштӣ бештар аз 2 300 кило бори иборат аз оксиген, сӯхт, маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти илмиро ба истгоҳ интиқол дод. Ҳафтаи гузашта як рокети амрикоӣ бо номи Falcon, яъне Шоҳин аз Флорида парвоз кард, вале баъд аз чанд дақиқаи парвоз дар ҳаво таркид. Сабаб ин будааст, ки зарфи дорои оксиген дарз пайдо кардааст ва таркидааст.

Интизор меравад, ки моҳи оянда як киштии кайҳонии Ҷопон низ ба кайҳон партоб шавад ва он ҳам ба ин Истгоҳи байналмиллалӣ ва ба кайҳоннавардон маводи зарурӣ интиқол медиҳад.

Ҳоло дар истгоҳи мазкур Геннадий Падалка ва Михаил Корниенко-кайҳоннвваардони Русия ва Скотт Келлӣ-кайҳоннаварди Амрикокор мекунанд.

XS
SM
MD
LG