Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар музокироти худ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба пешрафт ноил шуданд, вале ихтилофи назар дар бораи масъалаҳое мисли гузоришҳо барои фаъолиятҳои гузаштаи ҳастаии Эрон боқӣ мондааст.

Ҳайатҳои музокира мегӯянд, ки онҳо роҷеъ ба боздоштанитаҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пешакӣ ба созиш расидаанд.

Вале шаш қудрати ҷаҳонии ширкаткунандаи музокирот бояд дар бораи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ ба тавофуқ бирасанд. Ин қатънома лағви таҳримҳоро пешбинӣ мекунад, вале дар сурати риоят накрдани шарту шароити он кишварҳои ғарбӣ метавонанд дубора таҳримҳоро ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG