Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мак Кейн: Нерӯҳо дар Афғонистон бимонанд


Сенатор Ҷон Мак Кейн
Сенатор Ҷон Мак Кейн

Ҷон Мак Кейн-сенатори амрикоӣ мегӯяд, нируҳои боқимондаи Амрико дар Афғонистон бояд нисбат ба нақшаҳои пешбинишуда барои муддати бештар дар Афғонистон бимонанд, то Толибонро аз пешравӣ нигоҳ доранд.

Мак Кейн ин ҳарфҳоро дар ҷараёни боздидаш аз Кобул 4 июл ба хабарнигорон баён дошт. Ба гуфтаи вай, нируҳои миллии Афғонистон дар ҷангҳо бо ҷуръат ширкат мекунанд, вале талафоти зиёд медиҳанд.

Ҳоло нируҳои Амрико дар Афғонистон дар амалиёти низомӣ ширкат намекунанд, балки ба машқ додани нируҳои Афғонистон машғуланд.

Шумораи нируҳои байналдмиллалӣ то поёни соли 2016 бори дигар коҳиш хоҳад ёфт. Вале Мак Кейн мегӯяд, ки ҳар дафъа вақти коҳиши ниру бояд шароити мавҷударо дар назар бигиранд.

Ҳоло дар Афғонистон 9 800 нафар низомиёни Амрико боқӣ мондаанд. Пештар шумораи онҳо то ба 100 000 нафар мерасид.

XS
SM
MD
LG