Пайвандҳои дастрасӣ

Модӣ 6-7 июл аз Узбакистон боздид мекунад


Наренда Модӣ ва Си Ҷинг Пинг ( акс аз бойгонӣ)

Наренда Модӣ ва Си Ҷинг Пинг ( акс аз бойгонӣ)

Нарендра Модӣ-нахустваззири Ҳинд рӯзҳои 6-7 июл ба таври расмӣ аз Узбакистон боздид хоҳад кард. Ин боздид бо даъвати Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон сурат мегирад.

Дар ҷараёни ин боздид изҳороти муштараки Ҳинду Узбакистон ва як силсила ҳуҷҷатҳои ҳамкории ду ҷониба ба имзо мерасад. Узбакистону Ҳиндустон соли 1992 робитаи дипломатӣ барқарор карданд.

Гардиши колои миёни ду кишвар соли гузашта 315,9 миллион долларро ташкил дод. Ҳоло дар Узбакистон 23 ширкати ҳиндӣ сабти ном шудаанд. Гузашта аз ин, дар қаламрави Узбакистон 77 ширкати ҳиндӣ фаъолият мекунанд ва фаъолияти онҳо аз сӯиҲиндустон сармоягузорӣ мешавад.

Нарендра Модӣ аз Тоҷикистон низ боздид мекунанд. Интизор меравад, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон Нарендра Модӣ аз як бемористони низомӣ барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон боздид кунад. Ин бемористони сетабақа, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҳинд сохта шудааст, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG