Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари матбуотии ситоди умумии нируҳои мусаллаҳи Қирғизистон хабар додааст, ки як кӯҳнаварди Амрико дар қаламрави Қирғизистон ба ҳалокат расидааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, чархболи Ми-8МТВ- и нируҳои ҳавоии Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ дар пояи қуллаи Ленин дар баландии 4650 метр ҷасади Зиверд Эндрювро пайдо кардааст. Эндрюв ҳангоми барамадан ба ин қулла аз кӯҳ сарозер шудааст ва ба ҳалокат расидааст.

Қуллаи Ленин дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҷойгир аст ва яке аз баландтарин қулла дар кишварҳои Шӯравии пешин ба шумор меравад. Баландии он 7143 метрро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG