Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумон номзадии Станекзайро рад кард


Муҳаммад Маъсум Станекзай

Муҳаммад Маъсум Станекзай

Порламони Афғонистон номзади дуввумро барои мақоми вазири дифои ин кишвар рад кард. Номзадии вайро Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур ба порламон пешбарӣ карда буд.

Аз 231 намояндаи порламон ба номзадии Муҳаммад Маъсум Станекзай 84 нафар рай доданд. Вай бояд 107 рай ба даст меорвард. Нотавонии Ғанӣ дар ташкили ҳукумат дар 9 моҳи баъди интихобаш бисёре аз афғонҳоро ба ғазаб овардааст.

Станекзай пештар дар мақоми раиси Шӯрои Олии Сулҳ кор мекард ва раёсати ҳайати ҳукуматиро дар музокирот бо Толибон бар уҳда дошт. Дар охири моҳи май номзад ба мақоми вазиридифоъ муқаррар шуда буд.

Номзади пешин дар ин мақом низ дар моҳи январ натавонист райи порламонро ба даст орад. Як каси дигар номзадии худро фаро хонда буд.

XS
SM
MD
LG