Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳлангорӣ Украинаро аз қарз маҳрум кард


Наталие Ярешко

Наталие Ярешко

Наталие Ярешко-вазири молияи Украина 3 июл ошкор кард, ки ҳукумат натавонистааст ҳамин ҳафта аз Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ 3 миллиард доллар қарз бигирад, зеро ҳукумат дархостҳои ин муассисаҳои молии байналмиллалиро дарбораи анҷоми ислоҳот иҷро накардааст.

Сандуқи Байналмиллалии Пул 2 июл гуфт, дар сурате метавонад ин пулҳоро бидиҳад, ки агар Украина дархостҳои ифшонашударо иҷро кунад.

Ярешко дар як навиштаи худ дар Facebook гуфтааст, ки порламони Украина барои тасвиби чаҳор қонун роҷеъ ба дарёфти ин қарзҳо дер кардааст. Бояд Украина аз Сандуқи Байналмиллалии Пул 1,7 миллиард ва аз Бонки Ҷаҳонӣ 1,3 миллиард доллар қарз мегирифт.

Ярешко аз порламон хостааст, ки қонунеро барои амнияти қарзҳои бонкӣ ба тасвиб расонад.

XS
SM
MD
LG