Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама


Эмомалӣ Раҳмон ва Барак Обама

Эмомалӣ Раҳмон ва Барак Обама

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳамтои амрикоияш Барак Обама гуфтааст, ки Душанбе тарафдори “густариши робитаҳои дарозмуддат” бо Вошингтон аст. Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро дар номаи шодбошияш бахшида ба 239-умин солгарди Рӯзи истиқлоли Иёлоти Муттаҳида баён доштааст. Ӯ гуфтааст, “раванди ҳамкории судманди байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем.”

XS
SM
MD
LG