Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моди ба Душанбе меояд


Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди ҳафтаи оянда бо нахустин силсиласафари расмиаш роҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад. Боздиди сарвазири Ҳинд аз ҳамаи 5 кишвари минтақа, бо шумули Тоҷикистон, аз 6 то 13 июл давом хоҳад кард. Матбуоти Ҳинд навишт, ки дар баробари баррасии масоили ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, Нодӣ бо сарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла таҳдиди созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро матраҳ хоҳад кард. Нашрияи “Hindu” аз ҷумла навиштааст, Ҳинд кишварҳои Осиёи Марказиро шарики табиии худ дар мубориза бо террор медонад.

Интизор меравад, зимни боздидаш аз Тоҷикистон, Нарендра Моди аз як бемористони низомӣ барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ширкат кунад. Ин бемористони сеқабата, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҳинд сохта шудааст, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG