Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии "Равшан"-и Кӯлоб аз мақомаш рафт


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб аз мақомаш даст кашидааст. Дар ин бора худи ӯ ба торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода ва гуфтааст, ин тасмим рӯзи 3 июл, баъд аз як вохӯрияш бо президенти клуби "Равшан" Музаффар Исҳоқов гирифта шуд. Ба қавли ин мутахассиси 50-сола, ҳоло шартномаи фаъолияти ӯ бо ризояти ду тараф пеш аз мӯҳлат қатъ гардидааст. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ сармураббии дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG