Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки ба Бадахшон нараванд


Бритониё ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки бинобар нооромиҳо дар Афғонистон, аз сафар ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Нашрияи бритониёии “Телеграф” рӯзи 3 июл бо такя ба маълумоти Вазорати хориҷаи Бритониё харитаи сафар ба кишварҳои амни ҷаҳон аз ҷумла ба Осиёи Марказиро нашр кардааст, ки мувофиқи он, бо назардошти вазъи ноором дар марзи Афғонистон, сафари шаҳрвандонаш ба Бадахшони Тоҷикистонро маслиҳат надодааст. Изофа ба он, Бритониё ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки аз сафар ба манотиқи марзии Тоҷикистону Узбакистон бо Афғонистон, худорӣ кунанд. Дар тавсиянома Қирғизистон кишвари амну бехатар зикр шудааст. Харитаи кишварҳои бехатарро нашрияи "Телеграф" баъди ҳодисаи ҳамлаи гурӯҳи террористҳо ба меҳмонхонаи “Марҳабо”-и Тунис, ки 30 нафар сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд, бо такя ба маълумотномаи вазорати хориҷаи Бритониё, тартиб додааст.

XS
SM
MD
LG