Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаҳрамони" афғонро боздошт карданд


Як сарбози афғон, ки ҳангоми ҳамлаи Толибон ба порлумон чанд нафари онҳоро кушт ва дар Афғонистон маъруф шуд, барои як садамаи нақлиётии маргбор дастгир шудааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 2-уми июл ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ки сержант Исохон “дар як садамаи фоҷиабори нақлиётӣ” гирифтор шудааст ва ҳоло дар боздошт қарор дорад.” Пулис қазияро таҳқиқ мекунад. Мустафо Козимӣ, хабарнигори мустақили афғон дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Исохон бо мошини Тойотааш, ки Абдулрашид Дустум, муовини раиси ҷумҳур ба ӯ ҳадя дод, як шахсеро зер карда куштааст. Афсари 28-солаи афғон баъд аз он дар Афғонистон маъруф шуд, ки 6 ҷангҷӯи Толибро ҳангоми ҳамлаи онҳо ба бинои порлумон дар рӯзи 22-уми июн кушт. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба ӯ баъди ин кораш як хона ҳадя кард.

XS
SM
MD
LG