Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мерс" - монеи сафари 67 варзишгари тоҷик ба Куриёи Ҷанубӣ


Акси варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ дар Куриёи Ҷанубӣ, моҳи сентябри 2014

Акси варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ дар Куриёи Ҷанубӣ, моҳи сентябри 2014

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели хуруҷи бемории "Мерс" дар Куриёи Ҷанубӣ аз сафари 67 варзишгари тоҷик барои иштирок дар Универсиадаи тобистона дар ин кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз миёни 73 варзишгар, ки бояд ба Универсиадаи варзишии тобистона ба Куриёи Ҷанубӣ мерафтанд, сафари 67 нафарро лағв кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, лағви сафари бархе аз варзишгарон ба хуруҷи бемории "Мерс" дар Куриёи Ҷанубӣ рабт дорад.

Аммо хабаргузории мустақили Yonhap-и Куриёи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа навишт, ки то шурӯи сафари варзишгарони тоҷик ба Куриёи Ҷанубӣ 6 хориҷӣ бо паспортҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ, ки ба номи варзишгарони тоҷик таҳия шудаанд, ошкор шуданд. Ҳамин хабаргузорӣ гуфтааст, аз ин 6 нафар - 3 нафар дафъатан ихроҷ шуда, ҷои будубоши се нафари дигар маълум нест. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш мегирад ва онро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Ин манбаъ менависад, шаш хориҷӣ ба паспорти қалбакии тоҷикӣ рӯзи 28 июн вориди Куриё шуданд. Доир ба ҳуввияти шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда иттилое дар даст нест ва Радиои Озодӣ мунтазири шарҳи баргузоркунандагони Универсиадаи тобистона аз Куриёи Ҷанубист.

Аммо Дилором Каримова, муовини раиси Ассосиатсияи донишҷӯёни Тоҷикистон, 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки лағви сафари 67 донишҷӯи тоҷик дар пайи хуруҷи бемории "Мерс" дар Куриёи Ҷанубӣ сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, "донишҷӯён аз моҳи январи соли ҷорӣ боз омодагӣ доштанд. Бояд онҳо аз рӯи 11 навъи варзиш дар ин Универсиада иштирок мекарданд. Рӯзи 1 июл Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмӣ фиристод, ки бинобар хуруҷи бемории "Мерс" фиристодани донишҷӯён ба Куриёи Ҷанбуӣ зарур дониста намешавад."

Ҳоло, ба гуфтаи Дилором Каримов, аз Тоҷикистон дар ин Универсиада се духтар аз варзиши нави Таэквандо иштирок хоҳанд кард, ки ду нафари онҳо хеле пештар ба Куриёи Ҷанубӣ рафта будаанд. "Он тавр, ки мегӯянд, мушкил мушкили пул нест. Барои ҳар донишҷӯ дар ин сафар 9 ҳазор сомонӣ зарур буд, ки донишгоҳҳо ва Вазорати маориф ва илм пардохт мекарданд," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Як мақоми Федератсияи таеквондо дар Тоҷикистон низ рӯзи 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде пеш онҳоро ба ҷаласае дар Душанбе даъват карда гуфтаанд, ки варзишгарони тоҷик ба Куриёи Ҷанубӣ намераванд, зеро дар онҷо бемории "Мерс" хуруҷ кардааст ва раҳбарони баландпояи кишвар амр додаанд, ки ба хотири эҳтиёт, варзишгарон дар Универсиадаи тобистона ширкат накунанд.

Сар аз моҳи май то кунун дар Куриёи Ҷанубӣ вируси "Мерс" ба 184 нафар сироят карда ва 33 нафарро куштааст. Куриёи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа дар бораи мавриди нави гирифторӣ ба ин беморӣ гузориш дод. Бемории "Мерс", ки соли 2012 дар Арабистони Саудӣ аз шутур ба инсон сироят кард ва аз ҳамон сол то кунун 400 нафарро куштааст. Қарор буд, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи 9 навъи варзиш, аз ҷумла варзиши сабук ва шиноварӣ ширкат кунанд.

Маросими ифтитоҳи Универсиадаи тобистона дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ шоми имрӯз 3-уми июл баргузор мешавад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ ва фарҳангӣ, ки ҳар ду сол сурат мегирад, то 14-уми июл идома мекунад ва дар он асосан варзишгарони донишҷӯ ширкат меварзанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG