Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Бишкеку Душанбе дар бораи барқ


Вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Кубаничбек Турдубоев аз имзои созишнома миёни Бишкеку Душанбе дар бораи харидории 500 миллион киловатт соат нерӯи барқ аз Тоҷикистон хабар дод. Аз ин пеш, Темир Сариев -- нахуствазири Қирғизистон ҳам гуфта буд, Тоҷикистон розӣ шудааст, нерӯи барқашро бо нархи ҳамагӣ 2,5 сент бифрӯшад, ки нисбат ба нархи нерӯи барқе, ки Қирғизистон аз Қазоқистон мехарид, хеле арзонтар аст. Қазоқистон ҳар киловатт соат нерӯи барқашро 8-сентӣ ба Бишкек медод. Ҷониби Тоҷикистон дар аввал ба нархи 3,5 сент барои ҳар киловатт соат нерӯи барқаш исрор дошт. Тоҷикистон дар мавсими тобистон ба далели тавлиди аз эҳтиёҷаш бештари нерӯи барқ як қисми онро ба Қирғизистону Афғонистон мефурӯшад. Аммо дар мавсими сармо, ки оби обанборҳои нерӯгоҳҳояш кам мешавад, мардуми ин кишвар то 6 моҳ ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯ мегарданд.

XS
SM
MD
LG