Пайвандҳои дастрасӣ

Як додгоҳи Озарбойҷон 10 нафарро аз 4 то 15 солӣ барои узвият дар созмони тундрави “Давлати Исломӣ” маҳкум ба зиндон кард. Сухангӯи додгоҳ дар Боку гуфт, ин афрод аз ҷумлаи 24 нафаре мебошанд, ки соли 2014 боздошт шуда буданд.

Моҳи сентябри соли 2014 Вазорати амнияти Озарбойҷон гуфт, ки 26 нафарро барои ташкили “гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва таъмини онҳо бо аслиҳа” дар Покистону Сурия ва Ироқ ва баъзеи дигарашонро барои ширкат дар ҷангҳои шӯришиёни ДОИШ боздошт кардааст.

Баъзе аз аъзои ин гурӯҳи 26 нафарӣ аввал дар Покистон ба сафи Толибон пайвастаанд ва сипас аз роҳи Туркия ба Сурия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG