Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми июл ду сокини кишвар ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ғарқ шуда ва ҷасадҳояшон то ба ҳол пайдо нашудаанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаиТоҷикистон рӯзи 2 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта сокини 16-солаи деҳаи Адолати ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдаки Аббос Мирзокаримов ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, ғарқ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, худи ҳамон рӯз Талабшо Шарофови 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Обикийики ноҳи Хуросондар вақти оббозӣ дар дарёи Вахш нопадид шудааст. Ҷасадҳои ин ду сокини Рӯдакӣ ва Хуросон то ба ҳол пайдо нашудааст ва наҷотбахшони Кумитаи ҳлатҳои фавқулодда ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд. Ба иттилои ҳавосанҷон гармии ҳаво дар кишвар аз якум то панҷуми июл аз 7 то 12 дараҷа боло рафта ва бинобар об шудани барфу пиряхҳо, оби дарёҳо зиёд мешавад, ки эҳтимоли ғарқ шудани сокинонро бештар мекунад. Вазорати дохилии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки дар чаҳор рӯзи гузашта 11 ҳодисаи вобаста ба ғарқшавии сокинон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG