Пайвандҳои дастрасӣ

Дар гузориши вазорати дифои Амрико, ки 1 июл ба нашр расид, ҳушдор дода шудааст, ки имкони кашондани пои Амрико ба ҷанг бо қудратҳои дигари ҷаҳонӣ, яъне бо Русияву Чин “зиёд нест, вале дар ҳоли афзоиш аст”.Дар ин гузориш пешгӯӣ шудааст, ки оқибатҳои он “вазнин” хоҳад буд.

Дар гузориши соли 2015-и Стратегияи низомии миллӣ омадааст: “Имкони кашондани Амрико ба ҷанги байни давлатӣ бо қудратҳои аслии ҷаҳон омӯхта шуд ва он нишон медиҳад, ки ин имкон ҳоло кам аст, вале дар ҳоли афзоиш мебошад”.

Дар гузоориш гуфта мешавад, ки “Русия борҳо нишон додааст, ки ба истиқлоли ҳамсояҳои худ эҳтиром намегузорад ва барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ниру истифода хоҳад кард”.

“Фаъолиятҳои низомии Русия амнияти минтақаро бевосита ва бавосита хароб мекунад”. Пентагон ба ҳузури низомии Русия дар муноқишаҳои шарқи Украина ишора кардааст, бо вуҷуди он ки Маскав ин омилро рад мекунад ва мегӯяд, ки аз шӯришиёни ҷудоихоҳ дар шарқи Украина ҳимоят намекунад.

Дар гузориши вазорати дифои Амрико нақши Чин низ таъкид шудааст ва гуфта мешавад, ки ин кишвар равиши таҳдидомезро дар пеш гирифтааст ва ба манофеи амниятии Амрико дар чаҳон таҳдид мекунад, дар манотиқе, ки суботи вазъ ба хатар рӯ ба рӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG