Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2 июл феҳрасти сомонаҳои дар Тоҷикистон мамнуъшударо дар торнамои расмии худ ба нашр расонд. Ин феҳрист аксаран шомили сомонаҳои марбут ба ҷунбишу ҳаракатҳое мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун созмону гурӯҳҳои террористӣ эълон шудаанд. Дар ин рӯйхат аз ҷумла чандин сомонаи марбут ба Ҳизби Таҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон, гурӯҳи "Ихвонулмуслминин", ҷараёни Салафия, гурӯҳи "Давлати исломӣ", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати Толибони Афғонистон, "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва дигар гурӯҳҳои тундгаро шомил мебошанд. Торнамои радиои Zello низ, ки марбут ба “Гурӯҳи 24” дониста мешавад, дар ин феҳрист дида мешавад.

XS
SM
MD
LG