Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки 669 тифли яҳудиро наҷот додааст, дар синни 102-солагӣ даргузашт


Николас Винтон, як шаҳрванди Бритониё, ки садҳо тифли яҳудиро дар Прага аз зулми фашистони нозӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон наҷот додааст, дар синни 106-солагӣ даргузашт. Домоди ӯ Стефен Вотсон гуфт, Винтон дар бемористони Вексам Ҳоспитал дар ҷануби Лондон дирӯз даргузашт. Винтон, ки дар оилаи олмониву яҳудӣ дар шаҳри Лондон таваллуд шудааст, дар ҷавониҳояш ба Чехословакия ба унвони як корманди биржаи Лондон сафар кардааст. Вай соли 1939 аз он ҷо истода қаторҳои махсусро барои интиқоли 669 кӯдак, аксарашон яҳудӣ ташкил карда, атфолро ба Бритониё интиқол дод. Бо ин кораш вай ҷони ин атфолро аз марг дар қароргоҳҳои фашистони нозӣ наҷот дод. Як қатори иловагӣ, ки бо ташаббуси Винтон ташкил шудааст, рӯзи 3 сентябри соли 1939, рӯзе, ки Бритониё алайҳи Олмон ҷанг эълон кард, фиристода шуд. Вале ҳеҷ як тифл аз миёни 250 кӯдаки фиристодашуда ба манзил нарасиданд, бовар меравад, ки ин қатор як қурбонии дигари Ҳолокост – куштори ҷамъии яҳудиҳо дар солҳои ҷанг шуд. Ин қаҳрамониҳои Винтон боис шуд, ки ӯро баъдан “Шиндлери инглис”, ба ифтихори Оскар Шиндлер, як соҳибкори олмонӣ номгузорӣ карданд, ки садҳо яҳудиҳои лаҳистониро аз зулми нозӣ наҷот додааст.

Нахустваизир Ҷумҳурии Чех Боҳуслав Соботка дар номаи таъзияаш гуфт, “як марди хуб сэр Николай Винтон даргузашт. Ӯ барои ҳамеша як рамзи ҷасорат ва одамгариву хоксорӣ боқӣ мемонад”.

XS
SM
MD
LG