Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: 137 ҳазор нафар дар Аврупо панаҳ бурданд


Дар нимаи аввали сол 137 ҳазор паноҳанда тавассути роҳҳои баҳрӣ вориди қораи Аврупо шудааст. Дар гузориши Кумитаи умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 1 июл гуфта шуд, ки ин рақам рекордӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 80 дар сад бештар аст.

Муаллифон навиштаанд, ки аз ҷумла, ба Юнон 68 ҳазор нафар ворид шуданд, дар ҳоле, ки тамоми соли гузашта 43 ҳазору 500 нафар дар ин кишвар паноҳанда шуданд.

Бино ба гузориш, бештари паноҳандагон аз ҷанг ва таъқибу таҳдид дар кишварҳои шимоли қораи Африқо тавассути заврақу киштиҳо талоши убур аз баҳри Миёназаминро кардаанд. Аз ҳама бештар – тақрибан 44 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Сурияанд.

Теъдоди паноҳандагон аз Эритрея ва Афғонистон ҳам хело зиёд аст.

XS
SM
MD
LG