Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар ҷазираи Суматра


Бар асари суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар минтақаи аҳолинишини ҷазираи Суматраи Индонезӣ дасти кам 130 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҳавопаймои Ҳеркулес C-130 чанд биноро дар шаҳри Медан хароб кард ва сипас оташ гирифт.

Раиси нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Индонезӣ Агус Суприата гуфт, ки дар ҳавопаймо 113 нафар аз низомиён ва аҳли хонаводаҳои онҳо ҳузур доштанд ва гумон аст, ки касе зинда монда бошад.

Ҳавопаймо, ки соли 1964 сохта шудааст, баъд аз парвоз аз пойгоҳи низомӣ ба мушкил мувоҷеҳ шуд – ба гуфтаи Суприата, халабон бар асари мушкили фаннӣ дархости бозгаштро кард.

Даҳ сол пеш ҳавопаймои Boeing 737 билофосила баъд аз парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Медан ба замин сарозер шуд ва боиси ҳалокати 143 нафар гардид.

XS
SM
MD
LG