Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошкор шудани як фоҳишахона дар Хуҷанд


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 1 июл дар сомонаи расмиаш аз боздошти як сокини Хуҷанд бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона хабар дод. Бино ба ин манбаъ, ин гумонбар "хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 29.06.с.2015, ба мард ва зани 35-сола, сокинони ш.Хуҷанд ва рӯзи 28.06.с.2015 ба ҷуфти дигари сокинони ш.Хуҷанд марди 34-сола ва зани 35-сола барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз ҳар кадоми онҳо 150-сомонӣ гирифтааст."

Дар ин хабар, ки бо номи "Даромади муфт аз ҳисоби даллагӣ нашр шудааст, гуфта намешавад, ки боздоштшуда мард аст ё зан. Вале алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG