Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти генерали афғон бо 19 кг ҳероин


Як генерали артиши миллии Афғонистон ҳини қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон хабар доданд, ки генерал Абдусамад Ҳабиб бо 19 килограм ҳероин, ки мехост онро бо мошини худ ба Кобул ва сипас ба шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор интиқол бидиҳад, аз сӯи пулис боздошт шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки ҳамроҳи ин генерал, ду тани дигар низ боздошт шудаанд. Афғонистон яке аз манбаъҳои аслии кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор меравад ва дар гузашта гузоришҳое аз даст доштани масъулони баландпояи афғон дар қочоқи маводи мухаддир ба нашр расида буд.

XS
SM
MD
LG