Пайвандҳои дастрасӣ

Ас-Сисӣ: Қотилони додситон ҷазо мегиранд


Суханронии Ас-Сисӣ дар маросими дафни додситони кулли ин кишвар

Суханронии Ас-Сисӣ дар маросими дафни додситони кулли ин кишвар

Президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ таҳдид кард, ки омилони куштори додситони кулли ин кишвар “дар фурсати кӯтоҳ” ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ӯ афзуд, ки ба зудӣ шахсиятҳои марбут ба гурӯҳи “Ихвон-ул-Муслимин”, аз ҷумла президенти собиқи кишвар, эъдом хоҳанд шуд.

Ас4Сисӣ ин суханонро дар маросими дафни додситони кулл Ҳишам Баракат ироа кард, ки солҳои охир бо баррасии ҳазорҳо қазияи марбут ба аъзои ин гурӯҳ машғул буд.

Алорағми интиқодҳои байналмилалӣ, дар давоми ду соли охир мақомоти Миср ҳазорҳо нафарро бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-Муслимин” муттаҳам ва бисёриҳоро ба марг маҳкум карданд. Дар миёни маҳкумшудаҳо раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ ҳам ҳаст.

Ас-Сисӣ гуфт, ки ҳукумат омода аст интиқодҳоро як сӯ гузошта, дастони низоми адлияро боз кунад. “Агар ҳукми марг содир шуда бошад, он бояд ба зудӣ иҷро шавад”, гуфт президент.

XS
SM
MD
LG