Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози афғон дар ИМА ҳақи паноҳандагӣ гирифт


Як сарбози артиши Афғонистон, ки дар ҷараёни тамринҳои низомии соли гузашта дар Массачусести ИМА нопадид шуд, дар ин кишвар ҳақи паноҳандагӣ гирифт. Дар ин бора вакили дифои сарбоз рӯзи 30 июн хабар дод. Майор Ҷонмуҳаммад Ораш яке аз се сарбозе буд, ки сентябри порсол худро дар марз бо Канада аз машқҳои низомӣ нопадид шуд ва баъдан худро ба ихтиёри мақомоти амрикоӣ супурд. “Шӯрои паноҳандагон ба чунин хулосае омад, ки ӯ бояд корти паноҳандагӣ гирад”, гуфт Метю Боровски, намояндаи ҳуқуқии Ҷонмуҳаммад Ораш. Ба гуфтаи вакил, ин мард, ки дар ҳолати ноумедӣ қарор дошт, ҳоло фавқуллодда шод аст.

Шӯрои паноҳандагон бо аризаи майори афғон розӣ шудааст, ки Ораш барои иқидаҳои ғарбгарояш баъди бозгашт ба ватан метавонад ҳар лаҳза мавриди ҳадафи Толибон қарор гирад. Шӯро ба хулосае омадааст, ки “Толибон дар амал ҳукумати Афғонистон шудаанд, чун бахши аъзами ин кишварро таҳти назорати худ қарор медиҳанд”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG