Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Юнон гуфт, пули IMF-ро намепардозад


Янис Варуфакис, вазири молияи Юнон гуфт, кишвараш рӯзи 30-уми июн қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро барнамегардонад. Баёнияи вазири юнонӣ дар миёни ҳадсу гумонҳо дар бораи он садо дод, ки Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон кушиш дорад, бо қарздиҳандагони кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо дар лаҳзаҳои охир ба созиш даст ёбад. Юнон бояд то соати 6 шом ба вақти Амрико 1 миллиарду 800 миллион доллар қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро баргардонад. Як мақоми Юнон гуфт, Алексис Сипрас бо Жан Клод Ҷанке, раиси Кумиссиёни Аврупо ва Марио Драги, раиси Бонки Марказии Аврупо ва Мартин Шултз, раиси Порлумони Аврупо гуфтӯгу кардааст. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 30-уми июн гуфт, “дар барои гуфтӯгу боз аст”, вале дар музокирот бо Юнон ҳеҷ пешрафти ҷиддӣ ҳосил нашудааст. Алексис Сипрас аз мардуми кишвараш хостааст, дар рӯзи раъйпурсии умумӣ дар бораи барномаи кӯмаки молӣ ба Юнон алайҳи ин барнома раъй диҳанд, зеро шартҳои гузоштаи қарздиҳандагон вазнин аст. Аммо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки посухи манфӣ дар раъйпурсӣ маънии аз ҳавзаи евро берун рафтани Юнонро дорад.

XS
SM
MD
LG