Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сержанти Сарраёсати маҳбасҳо барои "подстава"


Tajikistan -- Sughd region, a building of CIZO (prison in Khujand city), 2 February 2015
Tajikistan -- Sughd region, a building of CIZO (prison in Khujand city), 2 February 2015

Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки як сержанти Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияро ба иттиҳоми гузоштани дом ё “подстава”-и як сокини шаҳри Хуҷанд боздошт кардааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, раҳбари дафтари матбуоти Оҷонсӣ, рӯзи 30 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, як корманди Сарраёсати зиндонҳо, ки аз ӯ ном бурда намешавад, қасд доштааст, бо гузоштани як кило афюн ва 24 тири автомати “Калашников” дар мошини як сокини Хуҷанд ӯро ба даст афтонда, ҳамин тавр, ба маҳкама кашонад.

Оқои Раҳматуллоев афзуд, ин ҳодиса шаби якшанбеи 28 июн рух дода, қазия, ба гуфтаи ӯ аз хусумати шахсӣ об мехӯрдааст. Вале раҳбари дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ба далели халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ин “хусумати шахсӣ”, номи сержанти Сарраёсати маҳбасҳо ва сокини Хуҷанд низ эълон намешавад.

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, “сержанти Сарраёсати маҳбасҳоро баъд аз он боздошт кардаанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд аз қазияи афюн ва тирҳои Калашников дар мошинааш изҳори бехабарӣ кардааст. “Рӯзи 28 июн сержант ба таври махфӣ дар мошини “Мерседес”-и сокини Хуҷанд беш аз 1 кило афюн ва 24 дона тири Калашников гузошта, ба Идораи оҷонсӣ дар ин минтақа занг мезанад ва дар ин бора хабар медиҳад. Ҳамон рӯз кормандони Оҷонсӣ дар як амалиёт сокини шаҳри Хуҷандро боздошт мекунанд ва дар вақти пурсиш ӯ аз маводи мухаддир ва тирҳои автомат изҳори бехабарӣ мекунад.”

Тавре Раҳматуллоев меафзояд, “кормандони Оҷонсӣ бо истифодаи рақами телефоне, ки ба онҳо занг зада, дар бораи маводи мухаддир ва тирҳо хабар дода буд, пайгирӣ мекунанд ва шоми ҳамон рӯз соҳиби рақами телефон сержанти Сарраёсати зиндонҳо дастгир мешавад.”

Сержанти Сарраёсати маҳбасҳо, ки низ сокини шаҳри Хуҷанд будааст, дар сӯҳбат бо муфаттишон иқрор кардааст, ки аз рӯи хусумати шахсӣ мехост, нафари дувуми дар ин қазияро “подстава” кунад. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG