Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин гузаргоҳи зерзаминӣ дар Қӯрғонтеппа сохта мешавад


Шаҳдории Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон ба сохтмони аввалин гузаргоҳи зерзаминӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров -- яке аз хиёбонҳои ин шаҳр оғоз кард. Ин гузаргоҳи зерзаминӣ дар Қӯрғонтеппа тибқи соишномаи дуҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Чин бунёд мешавад. Дар ин лоиҳа бозсозии зиёда аз 7 километр роҳҳои марказӣ шаҳр дар назар гирифта шудааст. Қаҳрамон Бобохонов, сухангӯи шаҳрдории Қӯрғонтеппа рӯзи 30 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳҳои кӯчаҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Борбад ва Ваҳдат шомили ин тарҳ буда ва бо харҷи 5,7 миллион доллар сохта мешавад. Ҷаноби Бобохонов гуфт, ки илова ба бозсозии роҳҳое, ки солҳо таъмирталаб буданд, инчунин насби истгоҳҳои замонавӣ, чароғаки роҳнамои рақамӣ ва васеъ кардани роҳҳо, дар назар аст. Бунёд ва таъмири ин роҳҳо аз сӯи роҳсозони чинӣ аз аввали моҳи июл оғоз мешавад. Дар гузашта ҳукумати шаҳр 10 километр роҳро бо маблағҳо аз будҷа таъмир ва бозсозӣ намуда буд.

XS
SM
MD
LG