Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ду занро сар буриданд


Ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ду занро дар Сурия сар буридаанд. Як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 30-уми июн дар ин бора хабар дода ва гуфтааст, ки аввалин бор аст, ки ҷангҷӯён бо занон чунин рафтор мекунанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, ки ин занон ва шавҳаронашонро ба “сеҳру ҷодугарӣ” муттаҳам карда ва ҳамроҳ бо шавҳаронашон сар буридаанд. Қатли ин ҷуфтҳо алоҳида ва рӯзҳои 28 ва 29-уми июн дар вилояти Дайр ал-Зур сурат гирифтааст. Ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ, ки бо қатлу кушторҳои золимона шинохта шудаанд, бино ба гузоришҳо занонро бо иттиҳоми зино сангсор кардаанд, вале бори аввал аст, ки дар бораи сар буридани занон аз тарафи онҳо гузориш нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG