Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

54 000 евро барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон


Комиссияи Аврупо барои ёрӣ ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон 54 ҳазору 608 евро ҷудо кардааст. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ин тасмим баъд аз боришот ва сели харобиовар дар Хатлону Рашт дар моҳи майи соли ҷорӣ гирифта шудааст. Ин маблағ ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дода шуда, тавассути ин созмон ба зарардидагон маводи ғизоӣ, кӯрпачаҳо, кампалҳо, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз дастрас мегардад. Комиссияи Аврупо мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар баробари офатҳои табиӣ чун селу ярч дар аёми баҳор хеле осебпазир аст.

XS
SM
MD
LG