Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб ду нафарро дар Ҳилманд кушт


Чоруми июн низ як бомбгузори маргталаб дар Ҳилманд, маъмурони амниятии пулисро ҳадаф гирифт.
Чоруми июн низ як бомбгузори маргталаб дар Ҳилманд, маъмурони амниятии пулисро ҳадаф гирифт.

Як бомбгузори маргталаб дар вилояти Ҳилманди Афғонистон мошини бомбгузоришудаашро тарконда, ду нафарро кушт ва 40 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Бомбгузор мошини боркаши худро дар назди дарвозаи қароргоҳи пулиси вилоят дар шаҳри Лашкаргоҳ мунфаҷир кардааст. Фарид Аҳмад Убайд, сухангӯи пулис гуфт, ҳамаи қурбониён ва осебдидагон дар ҳамла ғайринизомиён будаанд ва ба шифохонаи шаҳр оварда шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, баъди таркиши мошин се нафари дигар хостаанд ба қароргоҳи пулис ворид шаванд, вале пулис як нафари онҳоро куштааст ва ду тани дигар фирор кардаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Толибон ҳастанд, ки бештар мақомоти интизомии Афғонистонро ҳадаф мегиранд.

XS
SM
MD
LG